Бабр Капитал ба дастаи худ Роҳбари Хадамоти назорати комплаенсро даъват менамояд.
Шумо барои рушди низоми назорати комплаенс, идоракунии хавфҳои комплаенс ва таъмини риояи талаботи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии дохилии ташкилот масъул мебошед.
Вазифаҳои асосӣ
• Ташкил ва рушди низоми назорати комплаенс.
• Назорати риояи қонунгузорӣ, талаботи меъёрӣ ва санадҳои дохилии ташкилот.
• Муайян, арзёбӣ ва коҳиш додани хавфҳои комплаенс.
• Таҳия ва такмили сиёсатҳо ва расмиёти дохилӣ.
• Ҳамкорӣ бо мақоми танзимкунанда оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Хадамот.
• Омода намудани ҳисобот оид ба масъалаҳои назорати комплаенс.
• Машварат додан ба кормандон оид ба риояи талаботи қонунгузорӣ ва санадҳои дохилӣ.
Талаботи мо
• Маълумоти олии касбӣ дар соҳаи молия, иқтисод, ҳуқуқ ё самтҳои ба он монанд.
• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи комплаенс, назорати дохилӣ, идоракунии хавфҳо ё самтҳои ба он монанд.
• Донистани қонунгузорӣ ва талаботе, ки фаъолияти ташкилотҳои молиявиро танзим менамоянд.
• Таҷрибаи таҳия ва татбиқи сиёсатҳо ва расмиёти дохилӣ.
• Малакаҳои муайян, арзёбӣ ва идоракунии хавфҳо.
• Тафаккури таҳлилӣ, масъулиятшиносӣ ва диққат ба ҷузъиёт.
Мо пешниҳод менамоем
• Музди меҳнати рақобатпазир.
• Ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ.
• Омӯзиш ва рушди касбӣ.
• Имкониятҳои рушди мансабӣ.
Шакли зеринро пур кунед ва резюмеи худро замима намоед.
Шӯъбаи кадрҳои мо аризаи шуморо дар давоми 2 рӯзи корӣ баррасӣ мекунад.